Ҷумҳурии Тоҷикистон · ДушанбеМуассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»RU · TJ · EN
ШИФОБАХШМАРКАЗИ ТИББӢ

← Ҳамаи хабарҳо

СУРАГӮЗОРИШ аз рафти маҷлиси ҷамъбастии ҳафтаина назди директори Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»

22.10.2026

Дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» маҷлиси ҷамъбастии ҳафтаина таҳти роҳбарии директори Марказ, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед бо иштироки муовинони соҳавӣ, мудирони кафедраҳо, мудирони шуъбаҳо ва ординаторони клиникӣ баргузор гардид. Зимни маҷлис як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои Марказ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои зерин таъкид гардиданд: Риояи қатъии тартиботи дохилӣ дар шуъбаҳо, таҳкими назорат аз болои интизоми меҳнат ва таъмини оромиву осудагии беморон, бахусус дар соатҳои шабона; Назорати иҷрои қарори № 600 ва таъмини иҷрои саривақтии талаботи он аз ҷониби масъулони дахлдор; Тақвияти иштироки табибони Марказ, махсусан мутахассисони ҷавон, дар семинару конференсияҳои илмӣ-амалии дохилию байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам; Баланд бардоштани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷалби бештари табибон ба омӯзиши адабиёти соҳавӣ, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тахассусӣ ва муаррифии дастовардҳои илмӣ дар сатҳи дохиливу байналмилалӣ. Дар фарҷоми маҷлис директори Марказ ба масъулони сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда, таҳкими интизом, беҳтар намудани шароити будубоши беморон ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии кормандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Маҷлиси ҳафтаина бо таъкиди масъулиятшиносӣ, риояи интизоми меҳнат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҷамъбаст гардид.

Аксҳо