Ҷумҳурии Тоҷикистон · ДушанбеМуассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»RU · TJ · EN
ШИФОБАХШМАРКАЗИ ТИББӢ

← Ҳамаи хабарҳо

Гардиши кории директори марказ ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.10.2026

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед гардиши корӣ баргузор намуданд. Зимни гардиш ҳолати корҳои ободонӣ, тозагӣ, кабудизоркунӣ, таъмиру тармим ва омодагии шуъбаву бахшҳои марказ мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуд. Ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани муҳити корӣ, нигоҳдории сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки ҳар як корманди марказ бояд дар татбиқи иқдомҳои созанда ва омодагиҳои шоиста ба ҷашни миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ҳамзамон, масъулин вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободониву гулшинонӣ, тозагии муҳити атроф ва омодасозии инфрасохтори марказро бо масъулияти баланд ба роҳ монанд. Роҳбарияти марказ изҳор доштанд, ки истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси миллӣ нишонаи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошад

Аксҳо