Ҷумҳурии Тоҷикистон · ДушанбеМуассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»RU · TJ · EN
ШИФОБАХШМАРКАЗИ ТИББӢ

← Ҳамаи хабарҳо

Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» мастер-класс ва семинар оид ба ташхис ва табобати муосири бавосир баргузор гардид.

22.10.2026

22 октябри соли 2026 дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» мастер-класс ва семинар дар мавзуи «Бавосир: равишҳои муосир ба ташхис ва табобат» бо иштироки муовини аввали ММД ММТ ҶТ “ ШИФОБАХШ номзади илмҳои тиб Тоҷиддин Абдуллозода ва мутахасисони ММД ММТ ҶТ “ ШИФОБАХШ” баргузор шуд. Дар чорабинӣ мутахассисони соҳаи ҷарроҳӣ ва проктология Ҷобирова Шаҳноза Назаралиевна Мудири толори ҷарроҳии умумии ММД ММТ ҶТ “ ШИФОБАХШ” доир ба усулҳои муосири ташхис, роҳҳои самараноки табобат ва таҷрибаи клиникии пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳадафи семинар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат дар амалияи тиббӣ мебошад

Аксҳо