Ҷумҳурии Тоҷикистон · ДушанбеМуассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»RU · TJ · EN
ШИФОБАХШМАРКАЗИ ТИББӢ

← Ҳамаи хабарҳо

ХУШХАБАР!!! Се нафар табибони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол» иштирок намуда, сазовори унвони ифтихории «Табиби сол» гардиданд.

22.10.2026

Ин дастоварди арзишманд боиси ифтихори тамоми коллективи Марказ буда, аз сатҳи баланди касбият, масъулиятшиносӣ, донишу таҷриба ва фаъолияти содиқонаи табибони муассиса шаҳодат медиҳад. Имрӯз дар маҷлиси ҷамъбастии назди директори Марказ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол» дар назди коллектив муаррифӣ гардида, барои дастоварди арзандаашон самимона табрик гуфта шуданд. Ба ғолибон ҷоизаҳои озмун тақдим гардида, аз ҷониби директори Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш», доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед, барои фаъолияти пурсамар, меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён карда шуд. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол»: 1. Раҳмонов Шоҳин Ҷалолович – номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи ҷарроҳии навзодон ва синни ширмакӣ. 2. Қосимова Дилором Ашуровна – табиби оториноларингологи шуъбаи гӯшу гулӯ ва бинии кӯдаконаи Марказ. 3. Ғафуров Шоҳон Файзиддинович – табиби осебшинос-раддоди Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш». Роҳбарияти Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ғолибони озмунро ба ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ муваффақият, саломатии бардавом, неруи созанда ва дастовардҳои нави меҳнатӣ орзу менамояд. Қобили зикр аст, ки чунин дастовардҳои кормандони Марказ барои тамоми коллектив мояи ифтихор буда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, рушди касбият ва фаъолияти боз ҳам самараноки кормандони соҳаи тандурустӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд. Ба ғолибони «Табиби сол» офарин ва табрик мегӯем! Бо чунин табибони соҳибтаҷриба ва соҳибкасб ифтихор дорем!

Аксҳо